Ман киям, бӯса занам соиди зебояшро?

Ғазали шумораи 12

Ман киям, бӯса занам соиди зебояшро?
Гар маро даст диҳад, бӯса занам пояшро.

Чашми нопок бар он чеҳра дареғ аст, дареғ,
Дидаи поки ман авлост тамошояшро.

Ноз меборад аз он сарви саҳӣ сар то по,
Ин чӣ ноз аст? Бинозам қаду болояшро.

Хоҳам аз ҷомаи ҷон хилъати он сарви равон,
То дар оғӯш кашам қомати раънояшро.

Ҷои ӯ дидаи хунбор шуд, эй ашк, бирав,
Ҳар дам аз хуни дил оғушта макун ҷояшро.

Ҳеч кас дил ба харидории ёре надиҳад,
Ки ба ҳам барназанад ҳусни ту савдояшро.

З-он ду лаб ҳаст таманнои Ҳилолӣ сухане,
Кош гӯӣ, ки бароранд таманнояшро.

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *