Касе, ки рӯи ту дидаст, ҳоли ман донад
Паёми аҳли дил аст, ин хабар ки Саъдӣ дод,
На ҳар кӣ гӯш кунад, маънии сухан донад.
Паёми аҳли дил аст, ин хабар ки Саъдӣ дод,
На ҳар кӣ гӯш кунад, маънии сухан донад.
Саъдӣ, ту дар ин банд бимирию надонад,
Фарёд бикун, ё бикушад, ё бираҳонад.
Зинҳор, ки хун мечакад аз гуфтаи Саъдӣ,
Ҳар-к ин ҳама ништар бихурад, хун бичаконад.
Саъдӣ, агар оқилӣ, ишқ тариқи ту нест,
Бо кафи зӯрозмой панҷа нашояд фиканд.
Ишқи рӯи ту ҳаром аст магар Саъдиро,
Ки ба савдои ту, аз ҳар кӣ ҷаҳон, боз омад.
Саъдӣ чаман он рӯз ба тороҷи хазон дод,
К-аз боғи дилаш бӯи гули ёр баромад.
Саъдиё, иқди Сурайё магар имшаб бигурехт?
В-арна, ҳар шаб ба гиребони уфуқ бар мешуд.
То ғаме пинҳон набошад, риққате пайдо нагардад,
Ҳам гуле дидаст Саъдӣ, то чу булбул мехурӯшад.
Шарҳи ғамат ба васф нахоҳад шудан тамом,
Ҷаҳдам ба охир омаду дафтар тамом шуд.
Саъдӣ агар назар кунад, то на ғалат гумон барӣ,
К-ӯ на ба расми дигарон бандаи зулфу хол шуд.