GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ Дебоча

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Миннат Худойро азза ва ҷалла, ки тоаташ мӯҷиби қурбат асту ба шукр андараш мазиди неъмат. Ҳар нафасе, ки фурӯ меравад, мумидди ҳаёт аст ва чун бармеояд, муфарриҳи зот. Пас, дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд асту бар ҳар неъмате шукре воҷиб:

Аз дасту забони кӣ барояд,
К-аз уҳдаи шукраш бадар ояд.

Иъмалу Оли Довуда шукран ва қалилун мин ибодия-ш-шакуру (тарҷумааш: эй хешони Довуд, сипосгузор бошед ва андаке аз бандагони ман сипосгузоранд).

Банда ҳамон беҳ, ки зи тақсири хеш
Узр ба даргоҳи Худой оварад.
В-арна сазовори худовандияш
Кас натавонад, ки ба ҷой оварад.

Борони раҳмати беҳисобаш ҳамаро расида ва хони неъмати бедареғаш ҳама ҷо кашида, пардаи номуси бандагон ба гуноҳи фоҳиш надарад ва вазифаи рӯзӣ ба хатои мункар набурад:

Эй кариме, ки аз хизонаи ғайб
Габру тарсо вазифах(в)ар дорӣ,
Дӯстонро куҷо кунӣ маҳрум,
Ту, ки бо душман ин назар дорӣ.

Фарроши боди саборо гуфта, то фарши зумуррадин бигустарад ва дояи абри баҳориро фармуда, то баноти набот дар маҳди замин бипарварад, дарахтонро ба хилъати наврӯзӣ қабои сабзварақ дар бар гирифта ва атрофи шохро ба қудуми мавсими рабеъ кулоҳи шукуфта бар сар ниҳода, усораи ноле ба қудрати ӯ шаҳди фоиқ шуда ва тухми хурмое ба тарбияташ нахли босиқ гашта:

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нах(в)арӣ.
Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

Дар хабар аст аз сарвари коинот ва мафхари мавҷудот ва раҳмати оламиёну сафвати ва татиммаи даври замон Муҳаммади мустафо саллаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва саллам:

Шафеъун, мутоун, набийун, каримун,
Қасимун, ҷасимун, насимун, васимун.
(Пайғамбари бузурги шафоаткунандаи фармонраво,
Дуруштандому хубрӯю усмакашидаву кушодачеҳра.)

***

Чӣ рам девори умматро, ки дорад чун ту пуштибон?
Чӣ бок аз мавҷи баҳр онро, ки бошад Нӯҳ киштибон?
Балаға-л-уло би камолиҳи, кашафа-д-дуҷо би ҷамолиҳӣ,
Ҳасунат ҷамеъу хисолиҳи, саллу алайҳи ва олиҳи.

(Ба сабаби камолаш ба баландӣ расид, бо рӯи накӯи худ тирагиҳоро бартараф сохт. Ҳамаи равишҳояш накӯст, бар ӯ ва хешонаш дуруд бод).

Ҳар гоҳ яке аз бандагони гунаҳкори парешонрӯзгор дасти инобат ба умеди иҷобат ба даргоҳи ҳақ ҷалла ва ало бардорад, Эзади таоло дар ӯ назар накунад, бозаш бихонад, боз эътироз кунад, дигар бораш ба тазарруъу зорӣ бихонад, ҳақ субҳонаҳу ва таоло фармояд:

Ё малоикатӣ, қад истаҳяйту мин абдӣ ва лайса лаҳу ғайрӣ, фақад ғафарту лаҳу. (Эй фариштагонам, ҳамоно аз бандаи худ шарм дорам, чи ӯ касеро ҷуз ман надорад, бинобар ин ӯро бахшидам).

Даъваташро иҷобат кардам ва ҳоҷаташ баровардам, ки аз бисёрии дуо ва зории банда ҳаме шарм дорам:

Карам бину лутфи Худовандгор,
Гунаҳ банда кардасту ӯ шармсор.

Окифони каъбаи ҷалолаш ба тақсири ибодат муътариф, ки мо абаднока ҳаққа ибодатика (Туро чунон ки шоистаи туст, нашнохтем). Восифони хуляи ҷамолаш ба таҳайюр мансуб, ки:

Гар касе васфи ӯ зи ман пурсад,
Бедил аз бенишон чӣ гӯяд боз?
Ошиқон куштагони маъшуқанд,
Барнаёяд зи куштагон овоз.

Яке аз соҳибдилон сар ба ҷайби муроқибат фурӯ бурда буд ва дар баҳри муошифат мустағрак шуда. Он гаҳ аз ин муомилат бозомад, яке аз ёрон ба тариқи инбисот гуфт: «Аз ин бӯстон, ки будӣ моро чӣ тӯҳфа каромат кардӣ? Гуфт:

– Ба хотир доштам, ки чун ба дарахти гул расам, домане пур кунам ҳадяи асҳобро, чун бирасидам бӯи гулам чунон маст кард, ки доманам аз даст бирафт:

Эй мурғи саҳар, ишқ зи парвона биёмӯз,
К-он сӯхтаро ҷон шуду овоз наёмад.
Ин муддаиён дар талабаш бехабаронанд,
К-онро, ки хабар шуд хабаре боз наёмад

***

Эй бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм
В-аз ҳарчӣ гуфтаанду шунидаему хондаем,
Маҷлис тамом гашту ба охир расид умр,
Мо ҳамчунон дар аввали васфи ту мондаем.

Зикри ҷамили Саъдӣ, ки дар афвоҳи авом афтодааст ва сити суханаш, ки дар басити замин рафта ва қасабулҷайби ҳадисаш, ки ҳамчун шакар мехурданд ва рукъаи муншаоташ, ки чун коғази зар мебаранд, бар камоли фазлу балоғати ӯ ҳамл натавон кард, балки Худованди ҷаҳон ва қутби доираи замон ва қоиммақоми Сулаймон ва носири аҳли имон, шоҳаншоҳи муаззам, атобаки аъзам музаффар-уд-дунё в-ад-дин Абӯбакр Саъд ибн Зангӣ зилуллоҳи таоло фӣ арзиҳи рабби арза анҳу ва арзиҳи (Тарҷумааш: Сояи Худои бузург дар замини ӯст. Худоё, аз ӯ розӣ бош ва хушнудаш гардон) ба айни иноят назар кардааст ва таҳсини балиғ фармуда ва иродати содиқ намуда, лоҷарам кофаи аном аз хоссаву авом ба муҳаббати ӯ гироидаанд, ки Ан-носу ало дини мулукиҳим (Мардум равиши подшоҳонашон пеш гиранд).

З-он гаҳ ки туро бар мани мискин назар аст,
Осорам аз офтоб машҳуртар аст.
Гар худ ҳама айбҳо бад-ин банда-дар аст,
Ҳар айб, ки султон биписандад, ҳунар аст.

***

Гиле хушбӯй дар ҳамом рӯзе
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бӯи диловези ту мастам.
Бигуфто: Ман гиле ночиз будам.
Валекин муддате бо гул нишастам.
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

Эзади таоло ва тақаддус хиттаи поки Шерозро ба ҳайбати ҳокимони одил ва ҳиммати олимони омил то замони қиёмат дар амон саломат нигаҳ дорад:

Иқлими Порсро ғам аз осеби даҳр нест,
То бар сараш бувад чу ту сояи Худо.
Имрӯз кас нишон надиҳад дар басити хок
Монанди остони дарат маъмани ризо.
Бар туст поси хотири бечорагону шукр
Бар мову бар Худои ҷаҳонофарин ҷазо.
Ё раб, зи боди фитна нигаҳ дор хоки Порс,
Чандон ки хокро буваду бодро бақо.

Як шаб тааммули айёми гузашта мекардам ва бар умри талафкарда таассуф мехурдам ва санги сарочаи дилро ба алмоси оби дида месуфтам ва ин байтҳо муносиби ҳоли худ мегуфтам:

Ҳар дам аз умр меравад нафасе,
Чун нигаҳ мекунам, намонда басе.
Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ,
Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?
Хиҷил он кас, ки рафту кор насохт,
Кӯси реҳлат заданду бор насохт.
Хоби нӯшини бомдоди раҳил
Боздорад пиёдаро зи сабил.
Ҳар кӣ омад иморате нав сохт,
Рафту манзил ба дигаре пардохт.
В-он дигар пухт ҳамчунон ҳавасе
В-ин иморат ба сар набурд касе.
Ёри нопойдор дӯст мадор,
Дӯстиро нашояд ин ғаддор.
Неку бад бад чун ҳаме бибояд мурд,
Хунук он кас, ки гӯи некӣ бурд.
Барги айше ба гӯри хеш фирист,
Кас наёяд зи пас, ту пеш фирист.
Умр барф асту офтоби тамуз,
Андаке монду хоҷа ғарра ҳанӯз.
Эй тиҳидаст рафта дар бозор,
Тарсамат, барнаёварӣ дастор.
Ҳар кӣ мазруъи худ ба худ бихвид,
Вақти хирман-ш хӯша бояд чид.

Баъд аз тааммули ин маънӣ маслиҳат он дидам, ки дар нишемани узлат нишинам ва домани сӯҳбат фарохуд чинам ва дафтар аз гуфтаҳои парешон бишӯям ва минбаъд парешон нагӯям:

Забонбурида ба кунҷе нишаста сумми букм
Беҳ аз касе, ки набошад забонаш андар ҳукм.

То яке аз дӯстон, ки дар каҷова аниси ман будӣ ва дар ҳуҷра ҷалис, ба расми қадим аз дар даромад, чандон ки нишоти мулобат кард ва бисоти мудоабат густард, ҷавобаш нагуфтам ва сар аз зонуи таабуд барнагирифтам, ранҷида нигаҳ карду гуфт:

Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст,
Бигӯ, эй бародар ба лутфу х(в)ашӣ.
Ки фардо чу пайки аҷал даррасад,
Ба ҳукми зарурат забон даркашӣ.

Касе аз мутааллиқони манаш бар ҳасби воқиа мутталиъ гардонид, ки фалон азм кардааст ва нияти ҷазм, ки бақияти умр муътакиф нашинад ва хомӯшӣ гузинад. Ту низ, агар тавонӣ, сари хеш гир ва роҳи муҷонабат пеш.

Гуфто:

– Ба иззати азим ва суҳбати қадим, ки дам барнаёрам ва қадам барнадорам, магар он гаҳ ки сухан гуфта шавад бар одати маълуф ва тариқи маъруф, ки озурдани дӯстон ҷаҳл асту каффорати ямин саҳлу хилофи роҳи савоб аст ва нақзи рои улулалбоб зулфиқори Алӣ дар ниёму забони Саъдӣ дар ком:

Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар?

***

Агарчи пеши хирадманд хомушӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомушӣ.

Филҷумла, забон аз муколамаи ӯ даркашидан қувват надоштам ва рӯй аз маҳодаси ӯ гардонидан мурувват надонистам, ки ёри мувофиқ буду иродат содиқ:

Чу ҷанг оварӣ, бо касе барситез,
Ки аз вай гузират бувад ё гурез.

Ба ҳукми зарурат сухан гуфтему тафарруҷкунон берун рафтем дар фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду авони давлати вард расида:

***

Аввали урдибиҳишти моҳи ҷалолӣ
Булбул гӯянда бар манобири кузбон.
Бар гули сурх аз нам уфтода лаолӣ
Ҳамчу арақ бар узори шоҳиди ғазбон.

Шабро ба бӯстони яке аз дӯстон иттифоқи мабийят афтод, мавзее хушу хуррам ва дарахтони дарҳам. Гуфтӣ, ки хурдаи мино бар хокаш рехта ва иқди Сурайё аз токаш овехта:

Равзатун моу наҳриҳо салсол,
Давҳатун саҷъу тайрихо мавзун.
(Тарҷумааш: Бӯстоне, ки оби ҷӯяш гуворост,
Дарахте, ки овози парандагонаш ҳамоҳанг аст).

Он пур аз лолаҳои рангоранг
В-ин пур аз меваҳои гуногун.
Бод дар сояи дарахтонаш
Густаронида фарши бӯқалмун.

Бомдодон, ки хотири бозомадан ба раъйи нишастан ғолиб омад, дидамаш, домане гулу райҳон ва сунбулу займарон фароҳам оварда ва оҳанги руҷӯъ карда. Гуфтам:

– Гули бӯстонро, чунон ки донӣ, бақое ва аҳди гулистонро вафое набошад ва ҳукамо гуфтаанд: «Ҳар чӣ напояд, дилбастагиро нашояд».

Гуфто:

– Тариқ чист?

Гуфтам:

– Барои нузҳати нозирон ва фусҳати ҳозирон китоби гулистоне тавонам тасвиф кардан, ки боди хазонро бар варақи ӯ даст набошад ва гардиши замон айши рабеъашро ба тайши хариф мубаддал накунад:

Ба чӣ кор оядат зи гул табақе?
Аз гулистони ман бубар варақе.
Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад
В-ин гулистон ҳамеша хуш бошад.

Ҳолӣ, ки ман ин ҳикоят бикардам, домани гул бирехт ва дар доманам овехт, ки ал-кариму изо ваъада, вафо (тарҷумааш: соҳибкарам он аст, ки ваъда диҳаду вафо кунад). Фасле дар ҳамон рӯз иттифоқи баёз афтод дар ҳусни муошират ва одоби муҳоварат дар либосе, ки мутакаллимонро ба кор ояд ва мутарас-силонро балоғат бияфзояд. Филҷумла, ҳанӯз аз гули «Бӯстон» бақияте монда буд, ки китоби «Гулистон» тамом шуд ва тамом он гаҳ шавад ба ҳақиқат, ки писандида ояд, дар боргоҳи шоҳи ҷаҳонпаноҳ Музаффаруддин Абӯбакр ибни Саъд ибни Зангӣ ба карашмаи лутфи худовандӣ мутолаа фармояд.

Гар илтифоти худовандияш биёрояд,
Нигорхонаи чинию нақши аржангист.
Умед ҳаст, ки рӯйи малол дарнакашад
Аз ин сухан, ки гулистон на ҷои дилтангист.
Алалхусус, ки дебочаи ҳумоюнаш
Ба номи Саъд Абӯбакр Саъд бин Зангист.

Дигар арӯси фикри ман аз беҷамолӣ сар барнаёвард ва дидаи яъс аз пушти пои хиҷолат барнадорад ва дар зумраи соҳибдилон мутаҷаллӣ нашавад, магар он ки мутаҳаллӣ гардад ба зевари қабули амири кабири олами одил муаййиди музаффари мансур, захири сарири салтанат ва мушири тадбири мамлакат, каҳф-ул-фуқаро, мулоз-ул-ғурабо, мураббӣ-ю-мулк, малик-ул-хавос Атобак Фахруддавлат в-ад-дин Абӯбакр ибни Абинаср, ки мамдӯҳи акобири офоқ асту маҷмӯи макорими ахлоқ.

Ҳар ки дар сояи инояти ӯст,
Гунаҳаш тоат асту душман дӯст.

Ба ҳар як соири бандагону ҳавошӣ хидмате мутааййин аст, ки агар дар адои бархе аз он таҳовун ва такосул раво доранд, дар маърази хитоб оянд ва дар маҳалли итоб, магар бар ин тоифаи дарвешон, ки шукри неъмати бузургон воҷиб асту зикри ҷамилу дуои хайр ва адои чунин хидмате дар ғайбат авлотар аст, ки дар ҳузур, ки он ба тасаннуъ наздик асту ин аз такаллуф дур, ба иҷобат мақрун бод!

Нушти дутои фалак рост шуд аз хуррамӣ,
То чу ту фарзанд зод модари айёмро.
Ҳикмати маҳз аст, агар лутфи ҷаҳонофарин
Хос кунад бандае маслиҳати омро.
Давлати ҷовид ёфт, ҳар ки накӯном зист.
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Васф туро гар кунанд в-ар накунанд аҳли фазл,
Ҳоҷати машшота нест рӯи дилоромро.

Тақсиру тақоуде, ки дар мавозабати хидмати боргоҳи худовандӣ меравад, бинобар он аст, ки тоифае аз ҳукамои Ҳиндустон дар фазоили Бузургмеҳр сухан мегуфтанд, ба охир ҷуз ин айш надонистанд, ки дар сухан гуфтан батеъ аст, яъне диранги бисёр мекунад ва мустамеъро басе мунтазир бояд будан, то тақрири сухане кунад. Бузургмеҳр бишуниду гуфт: — Андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам.

Сухандони парварда пири куҳан
Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан.
Мазан бетааммул ба гуфтор дам,
Накӯ гӯй, гар дер гӯӣ, чӣ ғам?
Бияндешу он гаҳ баровар нафас
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд «бас!»
Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,
Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб.

Факайфа, дар назари аъёни ҳазрати худовандӣ, ки маҷмаи аҳли дил аст ва маркази уламои мутабаҳҳир, агар дар сиёқати сухан далерӣ кунам, шӯхӣ карда бошам ва бизоати музҷот ба ҳазрати азизи оварда ва шаба дар ҷавҳариён ҷаве наярзад ва чароғ пеши офтоб партаве надорад ва манораи баланд дар доманӣ кӯҳи Алванд паст намояд.

Ҳар кӣ гардан ба даъвӣ афрозад,
Хештанро ба гардан андозад.
Саъдӣ афтодаест озода,
Кас наёяд ба чанги афтода.
Аввал андеша в-он гаҳе гуфтор,
Пойбаст омадасту пас девор.

Нахлбанде донам, вале на дар бӯстон ва шоҳиде фурӯшам, вале на дар Канъон. Луқмонро гуфтанд:

– Ҳикмат аз кӣ омӯхтӣ?

Гуфт:

– Аз нобиноён, ки то ҷое набинанд, пой наниҳанд: «қаддим-ул-хуруҷа қабл-ал-вулуҷ (тарҷумааш: пеши назар гир баромаданро пеш аз ворид шудан)» мардият биёзмою он гаҳ зан кун.

Гарчи шотир бувад хурӯс ба ҷанг,
Чӣ зияд пеши бози зӯбинчанг?

Аммо ба эътимоди вусъати ахлоқи бузургон, ки чашм аз авоиби зердастон бипӯшанд ва дар ифшои ҷароими кеҳтарон накӯшанд, калимае чанд ба тариқи ихтисор аз наводиру амсол ва шеъру ҳикоёт ва сияри мулуки мозӣ дар ин китоб дарҷ кардем ва бархе аз умри гаронмоя бар ӯ харҷ. Мӯҷибии таснифи китоб ин буд ва биллоҳи-т-тавфиқ.

Бимонад солҳо ин назму тартиб,
Зи мо ҳар зарра хок афтода ҷое.
Ғараз нақшест, к-аз мо бозмонад,
Ки ҳастиро намебинам бақое.
Магар соҳибдиле рӯзе ба раҳмат
Кунад дар кори дарвешон дуое.

Имъони назар дар тартиби китоб ва таҳзиби абвоби эъҷози сухан маслиҳат дид, то бар ин равзаи ғино ва ҳадиқаи улё чун биҳишт ҳашт боб иттифоқ афтод, аз он мухтасар омад, то ба малол наянҷомад.

Боби аввал – «Дар сирати подшоҳон»
Боби дувум – «Дар ахлоқи дарвешон»
Боби севум – «Дар фазилати қаноат»
Боби чаҳорум – «Дар фавоиди хомӯшӣ»
Боби панҷум – Дар ишқу ҷавонӣ»
Боби шашум – «Дар заъфи пирӣ»
Боби ҳафтум – «Дар таъсири тарбият»
Боби ҳаштум – «Дар одоби сӯҳбат»

Дар ин муддат, ки моро вақт х(в)аш буд,
Зи ҳиҷрат шашсаду панҷоҳу шаш буд.
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Саъдии Шерозӣ. ГУЛИСТОН. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008, 232 саҳ.

Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 1
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 2
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 3
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 4
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 5
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 6
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 7
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 8
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 9
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 10
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР