Ин мутриб аз куҷост, ки баргуфт номи дӯст

Ин мутриб аз куҷост, ки баргуфт номи дӯст,
То ҷону ҷома базл¹ кунам бар паёми дӯст?

Дил зинда мешавад ба умеди вафои ёр,
Ҷон рақс мекунад ба самоъи каломи дӯст.

То нафхи сур² бознаёяд ба хештан,
Ҳар к-уфтод масти муҳаббат зи ҷоми дӯст.

Ман, баъд аз ин агар ба диёре сафар кунам,
Ҳеч армағоние набарам, ҷуз паёми дӯст.

Ранҷури ишқ беҳ нашавад, ҷуз ба бӯи ёр,
В-ар рафтанист, ҷон надиҳад, ҷуз ба номи дӯст.

Вақте амири мамлакати хеш будаме,
Акнун ба ихтиёру иродат ғуломи дӯст.

Гар дӯстро ба дигаре аз ман фароғат аст,
Ман дигаре надорам қоиммақоми дӯст.

Болои боми дӯст чу натвон ниҳод пой,
Ҳам чора он, ки сар биниҳӣ зери боми дӯст.

Дарвешро кӣ ном барад пеши подшоҳ?
Ҳайҳот аз ифтиқори ману иҳтишоми дӯст!

Гар коми дӯст куштани Саъдист, бок нест,
Инам ҳаёт бас, ки бимирам ба коми дӯст.


¹ Бахшиши чизе.
² Дамидани Исрофил алайҳиссалом дар қиёмат барои зинда кардани мурдагон.