Мо бад-ин дар на пайи ҳашмату ҷоҳ омадаем

Мо бад-ин дар на пайи ҳашмату ҷоҳ омадаем,
Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем.

Раҳрави манзили ишқему зи сарҳадди адам
То ба иқлими вуҷуд ин ҳама роҳ омадаем.

Сабзаи хатти ту дидему зи бустони биҳишт
Ба талабкории ин меҳргиёҳ омадаем.

Бо чунин ганҷ, ки шуд хозини ӯ Рӯҳи амин,
Ба гадоӣ ба дари хонаи шоҳ омадаем.

Лангари ҳилми ту, эй киштии тавфиқ, куҷост?
Ки дар ин баҳри карам ғарқи гуноҳ омадаем.

Обрӯ меравад, эй абри хатопӯш, бибор,
Ки ба девони амал номасиёҳ омадаем.

Ҳофиз, ин хирқаи пашмина бияндоз, ки мо
Аз паи қофила бо оташи оҳ омадаем.