Фатвии пири муғон дораму қавлест қадим

Фатвии пири муғон дораму қавлест қадим,
Ки ҳаром аст май он ҷо, ки на ёр аст надим.

Чок хоҳам задан ин далқи риёйӣ, чӣ кунам?
Рӯҳро суҳбати ноҷинс азобест алим.

То магар ҷуръа фишонад лаби ҷонон бар ман,
Солҳо шуд, ки манам бар дари майхона муқим.

Магараш хидмати дерини ман аз ёд бирафт,
Эй насими саҳарӣ, ёд диҳаш аҳди қадим.

Баъди сад сол агар бар сари хокам гузарӣ,
Сар барорад зи гилам рақскунон азми рамим.

Дилбар аз мо ба сад уммед ситад аввал дил,
Зоҳиран аҳд фаромуш накунад халқи карим.

Ғунча, гӯ, тангдил аз кори фурӯбаста мабош,
К-аз дами субҳ мадад ёбию анфоси насим.

Фикри беҳбуди худ, эй дил, зи дари дигар кун,
Дарди ошиқ нашавад беҳ ба мудовои ҳаким.

Гавҳари маърифат андӯз, ки бо худ бибарӣ,
Ки насиби дигарон аст нисоби зару сим.

Дом сахт аст, магар ёр шавад лутфи Худо
В-арна одам набарад сарфа зи шайтони раҷим.

Ҳофиз, ар симу зарат нест, чӣ шуд, шокир бош!
Чӣ беҳ аз давлати лутфи сухану табъи салим?