Яке аз бузургон порсоеро гуфт: Чӣ гӯӣ дар ҳаққи фалон обид, ки дигарон дар вай ба таъна суханҳо гуфтаанд?
Гуфт:
Дар зоҳираш айб намебинам ва дар ботинаш ғайб намедонам.
Ҳар киро ҷома порсо бинӣ,
Порсо дону некмард ангор.
В-ар надонӣ, ки дар ниҳонаш чист,
Муҳтасибро даруни хона чӣ кор?