Саъдии Шерозӣ

415. Эй марҳами решу мӯниси ҷонам

Эй марҳами решу мӯниси ҷонам,
Чандин ба муфориқат маранҷонам.

Эй роҳати андаруни маҷрӯҳам,
Ҷамъийяти хотири парешонам.

Гӯянд, бидор дасташ аз доман,
То даст бидорад аз гиребонам.

Он кас, ки маро ба боғ мехонад,
Бе рӯи ту мебарад ба зиндонам.

В-ин турфа, ки раҳ намебарам пешат,
В-аз пеши ту раҳ ба дар намедонам.

Як рӯз ба бандагӣ қабулам кун,
Рӯзи дигарам бибин, ки султонам.

Эй гулгуни бӯстони рӯҳонӣ,
Машғул бикардӣ аз гулистонам.

З-он рӯз, ки сарви қоматат дидам,
Аз ёд бирафт сарви бустонам.

Он дурри дураста¹ дар ҳадис омад,
В-аз дида биюфтод марҷонам.

Гӯянд, сабур бош аз ӯ, Саъдӣ,
Бораш бикашам, ки сабр натвонам.

Эй кош, ки ҷон дар остин будӣ,
То бар сари мӯниси дил афшонам.

¹ Радифи дандонҳои марворидгуна.