Саъдии Шерозӣ

416. Баски дар манзари ту ҳайронам

Баски дар манзари ту ҳайронам,
Сурататро сифат намедонам.

Порсоён, маломатам макунед,
Ки ман аз ишқ тавба натвонам.

Ҳар кӣ бинӣ, ба ҷисму ҷон зинда-ст,
Ман ба уммеди васли ҷононам.

Ба чӣ кор ояд ин бақийяти ҷон,
Ки ба маъшуқ барнаяфшонам?

Гар ту аз ман инон бигардонӣ,
Ман ба шамшер барнагардонам.

Гар бихонӣ, муқими даргоҳам,
В-ар биронӣ, мутеъи фармонам.

Ман на онам, ки суст боз оям,
В-ар зи сахтӣ ба лаб расад ҷонам.

Гар иҷобат кунӣ, в-агар накунӣ,
Чораи ман дуост, мехонам.

Саҳл бошад суубати¹ зулумот,
Гар ба даст ояд оби ҳайвонам.

То кай, охир, ҷафо барӣ, Саъдӣ?
Чӣ кунам, пойбанди эҳсонам.

Кори мардон таҳаммул асту сукун,
Ман киям? Хоки пои мардонам.

¹ Сахтиҳо, душвориҳо.