Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 2

Дарвешеро дидам, сар ба остони Каъба мемолиду мегуфт: Ё ғафур, ё раҳим, ту донӣ, ки аз зулуми ҷаҳул чӣ ояд?

Узри тақсир хидмат овардам,
Ки надорам ба тоат истизҳор.
Осиён аз гуноҳ тавба кунанд,
Орифон аз ибодат истиғфор.

Обидон ҷазои тоат хоҳанду бозаргонон баҳои бизоат. Мани банда умед овардаам, на тоат ва ба дарюза омадаам, на ба тиҷорат.

Иснаъ бӣ мо анта аҳлуҳу (Бо ман чунон рафор кун, ки ту худ дархури онӣ).

Гар кушӣ в-ар ҷурм бахшӣ, рӯю сар ба остонам,
Бандаро фармон набошад, ҳар чӣ фармоӣ, бар онам.

***

Бар дари Каъба соиле дидам,
Ки ҳамегуфту мегиристӣ х(в)аш.
Ман нагӯям, ки тоатам бипазир,
Қадами афв бар гуноҳам каш.