GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 420. Мо ҳама чашмему ту нур, эй санам

Мо ҳама чашмему ту нур, эй санам,
Чашми бад аз рӯи ту дур, эй санам!

Рӯй мапӯшон, ки биҳиштӣ бувад,
Ҳар кӣ бибинад чу ту ҳур, эй санам.

Ҳур хато гуфтам, агар хондамат,
Тарки адаб рафту қусур, эй санам.

То ба карам хурда нагирӣ, ки ман
Ғоибам аз завқи ҳузур, эй санам.

Рӯи ту бар пушти замин халқро
Мӯҷиби фитна-сту футур¹, эй санам.

Ин ҳама дилбандию хубӣ туро
Мавзиъи ноз асту ғурур, эй санам.

Сарвбуне хоста чун қоматат,
То нанишинем сабур, эй санам.

Ин ҳама тӯфон ба сарам меравад
Аз ҷигаре ҳамчу танӯр, эй санам.

Саъдӣ аз ин чашмаи ҳайвон, ки хурд,
Сер нагардад ба мурур, эй санам.

Саъдии Шерозӣ 421. Чун ман ба нафси хештан ин кор мекунам
Саъдии Шерозӣ 422. Он кас, ки аз ӯ сабр муҳол асту сукунам
Саъдии Шерозӣ 423. Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту бишинам
Саъдии Шерозӣ 424. Ман аз ту сабр надорам, ки бе ту биншинам
Саъдии Шерозӣ 425. Манам, ё Раб, дар ин давлат, ки рӯи ёр мебинам
Саъдии Шерозӣ 426. Дилам то ишқбоз омад, дар ӯ ҷуз ғам намебинам
Саъдии Шерозӣ 427. Ман аз ин ҷо ба маломат наравам
Саъдии Шерозӣ 428. На аз Чинам ҳикоят кун, на аз Рум
Саъдии Шерозӣ 429. Ту мапиндор, к-аз ин дар ба маломат биравам
Саъдии Шерозӣ 430. Ба ту машғулу бо ту ҳамроҳам
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР