GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 434. Мо дари хилват ба рӯи халқ бибастем

Мо дари хилват ба рӯи халқ бибастем,
Аз ҳама боз орамидему бо ту нишастем.

Ҳар чӣ на пайванди ёр буд, буридем,
В-ончи на паймони дӯст буд, шикастем.

Мардуми ҳушёр аз ин муомила дуранд,
Шояд, агар айби мо кунанд, ки мастем.

Молики худро ҳамеша ғусса гудозад,
Милки парипайкаре шудему бирастем.

Шокири неъмат, ба ҳар тариқ ки будем,
Доъии давлат, ба ҳар мақом ки ҳастем.

Дар ҳама чашме азизу назди ту хорем,
Дар ҳама олам баланду пеши ту пастем.

Эй бути соҳибдилон, мушоҳида бинмой,
То ту бибинему хештан напарастем.

Дида нигаҳ доштем, то наравад дил,
Бо ҳама айёрӣ аз каманд наҷастем.

То ту иҷобат диҳӣ, ки дар қадамам рез,
Ҷони гиромӣ ниҳода бар кафи дастем.

Дӯстӣ он аст, Саъдиё, ки бимонад,
Аҳди вафо ҳам бар ин қарор, ки бастем.

Саъдии Шерозӣ 435. Эй сарвболои саҳӣ, мо низ ҳам бад нестем
Саъдии Шерозӣ 436. Умрҳо дар паи мақсуд ба ҷон гардидем
Саъдии Шерозӣ 437. Бигзор, то муқобили рӯи ту бигзарем
Саъдии Шерозӣ 438. Мо дили дӯстон ба ҷон бихарем
Саъдии Шерозӣ 439. Мо гадоёни хайлтошонем
Саъдии Шерозӣ 440. Кош, к-он дилбари айёр, ки ман куштаи ӯям
Саъдии Шерозӣ 441. Аҳд кардем, ки бе дӯст ба саҳро наравем
Саъдии Шерозӣ 442. Гар ғуссаи рӯзгор гӯям
Саъдии Шерозӣ 443. Бикун, чандон ки хоҳӣ, ҷавр бар ман
Саъдии Шерозӣ 444. Ё Раб, он рӯй аст ё барги суман?
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР