Дари сарои муғон руфта буду обзада

Дари сарои муғон руфта буду обзада,
Нишаста пиру салое ба шайху шоб зада.

Сабӯкашон ҳама дар бандагӣ-ш баста камар,
Вале зи тарки кулаҳ чатр бар саҳоб зада.

Шуои ҷому қадаҳ нури моҳ пӯшида,
Изори муғбачагон роҳи офтоб зада.

Арӯси бахт дар он ҳаҷла бо ҳазорон ноз
Шикаста касмаву ба барги гул гулоб зада.

Зи шӯру арбадаи шоҳидони ширинкор
Шакар шикаста, суман рехта, рубоб зада.

Салом кардаму бо ман ба рӯйи хандон гуфт,
Ки «Эй хуморкаши муфлиси шаробзада,

Кӣ ин кунад, ки ту кардӣ ба заъфи ҳиммату рой,
Зи ганҷхона шуда, хайма бар хароб зада.

Висоли давлати бедор, тарсамат, надиҳанд,
Ки хуфтаӣ ту дар оғӯши бахти хобзада.

Биё ба майкада, Ҳофиз, ки бар ту арза кунам,
Ҳазор саф зи дуоҳои мустаҷобзада».

Фалак ҷанибакаши Шоҳ Нусратуддин аст,
Биё, бибин, малакаш даст дар рикоб зада.

Хирад, ки мулҳами ғайбист баҳри касби шараф,
Зи боми Арш садаш бӯса бар ҷаноб зада.