GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 461. Саҳл бошад ба тарки ҷон гуфтан

Саҳл бошад ба тарки ҷон гуфтан,
Тарки ҷонон наметавон гуфтан.

Ҳар чӣ з-он талхтар бихоҳӣ гуфт,
Шаккарин аст аз он даҳон гуфтан.

Тавба кардем пеши болоят
Сухани сарви бӯстон гуфтан.

Ончунон ваҳм дар ту ҳайрон аст,
Ки намедонадат нишон гуфтан.

Ба каманде-дарам, ки мумкин нест
Растгорӣ ба ал-амон гуфтан.

Дафтаре дар ту вазъ мекардам,
Мутараддид¹ шудам дар он гуфтан,

Ки ту ширинтарӣ аз он Ширин,
Ки бишояд ба достон гуфтан.

Булбулон нек заҳра медоранд
Бо гул аз дасти боғбон гуфтан.

Ман намеёрам аз ҷафои рақиб
Дард бо ёри меҳрбон гуфтан.

В-он ки бо ёри ҳавдаҷаш назар аст,
Натавонад ба сорбон гуфтан.

Сухани сарбамуҳри дӯст ба дӯст
Ҳайф бошад ба тарҷумон гуфтан.

Ин ҳикоят, ки мекунад Саъдӣ,
Бас бихоҳанд дар ҷаҳон гуфтан.

¹ Дудил.

Саъдии Шерозӣ 462. Тӯтӣ нагӯяд аз ту диловезтар сухан
Саъдии Шерозӣ 463. Чӣ хуш бувад ду дилором даст дар гардан
Саъдии Шерозӣ 464. Даст бо сарви равон чун нарасад дар гардан
Саъдии Шерозӣ 465. Миёни боғ ҳаром аст бе ту гардидан
Саъдии Шерозӣ 466. То кай, эй ҷон, асари васли ту натвон дидан
Саъдии Шерозӣ 467. Охир, нигаҳе ба сӯи мо кун
Саъдии Шерозӣ 468. Чашм агар бо дӯст дорӣ, гӯш бо душман макун
Саъдии Шерозӣ 469. Гувоҳӣ амин аст бар дарди ман
Саъдии Шерозӣ 470. Эй рӯи ту роҳати дили ман
Саъдии Шерозӣ 471. Ваҳ, ки ҷудо намешавад нақши ту аз хаёли ман
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР