Эй ки бар моҳ аз хати мушкин ниқоб андохтӣ

Эй ки бар моҳ аз хати мушкин ниқоб андохтӣ,
Лутф кардӣ, сояе бар офтоб андохтӣ.

То чӣ хоҳад кард бо мо обу ранги оразат,
Ҳолиё найранги нақше хуш бар об андохтӣ.

Гӯйи хубӣ бурдӣ аз хубони Халлух, шод бош,
Ҷоми Кайхусрав талаб, к-Афросиёб андохтӣ.

Ҳар касе бо ранги рухсорат ба ваҷҳе ишқ бохт,
З-он миён парвонаро дар изтироб андохтӣ.

Ганҷи ишқи худ ниҳодӣ дар дили вайрони мо,
Сояи давлат бар ин кунҷи хароб андохтӣ.

Зинҳор, аз оби он ораз, ки шеронро аз он
Ташналаб кардию гурдонро дар об андохтӣ.

Хоби бедорон бибастӣ в-он гаҳ аз нақши хаёл
Туҳмате бар шабравони хайли хоб андохтӣ.

Парда аз рух барфикандӣ як назар дар ҷилвагоҳ
В-аз ҳаё ҳуру париро дар ҳиҷоб андохтӣ.

Бода нӯш аз ҷоми оламбин, ки дар авранги Ҷам
Шоҳиди мақсудро аз рух ниқоб андохтӣ.

Аз фиреби наргиси махмуру лаъли майпараст
Ҳофизи хилватнишинро дар шароб андохтӣ.

В-аз барои сайди дил дар гарданам занҷири зулф
Чун каманди хусрави моликриқоб андохтӣ.

Довари Дорошукӯҳ, эй он ки тоҷи офтоб
Аз сари таъзим бар хоки ҷаноб андохтӣ.

Нусратуддин Шоҳ Яҳё, он ки хасми мулкро
Аз дами шамшери чун оташ дар об андохтӣ.