Саъдии Шерозӣ

471. Ваҳ, ки ҷудо намешавад нақши ту аз хаёли ман

Ваҳ, ки ҷудо намешавад нақши ту аз хаёли ман,
То чӣ шавад ба оқибат дар талаби ту ҳоли ман.

Нолаи зеру зори ман зортар аст ҳар замон,
Баски ба ҳаҷр медиҳад ишқи ту гӯшмоли ман.

Нури ситорагон ситад рӯи чу офтоби ту,
Дастнамои халқ шуд қомати чун ҳилоли ман.

Партави нури рӯи ту ҳар нафасе ба ҳар касе
Мерасаду намерасад навбати иттисоли ман.

Хотири ту ба хуни ман рағбат агар чунин кунад,
Ҳам ба муроди дил расад хотири бадсиголи ман.

Баргузарию нангарӣ, боз нигар, ки бигзарад
Фақри ману ғанои ту, ҷаври ту в-эҳтимоли ман.

Чарх шунид нолаам, гуфт, манол, Саъдиё,
К-оҳи ту тира мекунад оинаи ҷамоли ман.