Он ғолияхат гар суйи мо нома навиштӣ

Он ғолияхат гар суйи мо нома навиштӣ,
Гардун варақи ҳастии мо дарнанавиштӣ.

Ҳарчанд ки ҳиҷрон самари васл барорад,
Деҳқони ҷаҳон кош, ки ин тухм накиштӣ.

Омӯзиши нақд аст касеро, ки дар ин ҷо
Ёрест чу ҳурею сарое чу биҳиште.

Танҳо на манам каъбаи дил буткада карда,
Дар ҳар қадаме савмаае ҳасту куниште.

Дар мастабаи ишқ танаъъум натавон кард,
Чун болиши зар нест, бисозем ба хиште.

Мафрӯш ба боғи Ираму нахвати Шаддод
Як шиша маю нӯшлабею лаби киште.

То кай ғами дунёи данӣ, эй дили доно,
Ҳайф аст зи хубе, ки шавад ошиқи зиште.

Олудагии хирқа харобии ҷаҳон аст,
Ку роҳраве, аҳли диле, поксириште?

Аз даст чаро ҳишт сари зулф ту, Ҳофиз?
Тақдир чунин буд, чӣ кардӣ, ки наҳиштӣ?