Саҳар бо бод мегуфтам ҳадиси орзумандӣ

Саҳар бо бод мегуфтам ҳадиси орзумандӣ,
Ҷавоб омад, ки восиқ шав ба алтофи худовандӣ.

Дуои субҳу оҳи шаб калиди ганҷи мақсуд аст,
Бад-ин роҳу равиш мерав, ки бо дилдор пайвандӣ.

Қаламро он забон набвад, ки сирри ишқ гӯяд боз,
Варои ҳадди тақрир аст шарҳи орзумандӣ.

Ало, эй Юсуфи мисрӣ, ки кардат салтанат мағрур,
Падарро бозпурс, охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?

Ҷаҳони пири раъноро тараҳҳум дар ҷибиллат нест,
Зи меҳри ӯ чӣ мепурсӣ, дар ӯ ҳиммат чӣ мебандӣ?

Ҳумое чун ту олиқадр, ҳирси устухон то кай?
Дареғ он сояи ҳиммат, ки бар ноаҳл афкандӣ!

Дар ин бозор агар судест, бо дарвеши хурсанд аст,
Худоё, мунъимам гардон ба дарвешию хурсандӣ.

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мерақсанду менозанд
Сияҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.