Чу сарв агар бихиромӣ даме ба гулзоре

Чу сарв агар бихиромӣ даме ба гулзоре,
Хурад зи ғайрати рӯи ту ҳар гуле хоре.

Зи куфри зулфи ту ҳар ҳалқаею ошӯбе,
Зи сеҳри чашми ту ҳар гӯшаею беморе.

Марав чу бахти ман, эй чашми масти ёр, ба хоб,
Ки дар пай аст зи ҳар сӯят оҳи бедоре.

Нисори хоки раҳат нақди ҷони ман, ҳарчанд
Ки нест нақди равонро бари ту миқдоре.

Дило, ҳамеша мазан лофи зулфи дилбандон,
Чу тирарой шудӣ, кай гушоядат коре?

Сарам бирафту замоне ба сар нарафт ин кор,
Дилам гирифту набудат ғами гирифторе.

Чу нуқта, гуфтамаш, андар миёни доира ой,
Ба ханда гуфт: «Бирав, Ҳофиз, ин чӣ паргоре?»