GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 485. Эй тароват бурда аз фирдавси аъло рӯи ту

Эй тароват бурда аз фирдавси аъло рӯи ту,
Нодир аст андар нигористони дунё рӯи ту.

Духтарони Мисрро косид¹ шавад бозори ҳусн,
Гар чу Юсуф парда бардорад ба даъво рӯи ту.

Гарчи аз ангушти Монӣ барнаёяд чун ту нақш,
Ҳар дам ангуште ниҳад бар нақши Монӣ рӯи ту.

Аз гулу моҳу парӣ дар чашми ман зеботарӣ,
Гул зи ман дил бурд ё маҳ, ё парӣ? Не, рӯи ту.

Моҳу Парвин аз хиҷолат рух фурӯ пӯшанд агар,
Офтобосо кунад дар шаб таҷаллӣ рӯи ту.

Мардуми чашмаш бидаррад пардаи аъмо² зи шавқ,
Гар дарояд дар хаёли чашми аъмо рӯи ту.

Рӯи ҳар соҳибҷамолеро ба маҳ хондан хатост,
Гар рухеро моҳ бояд хонд боре, рӯи ту.

Расми тақво мениҳад дар ишқбозӣ рои ман,
Кӯси ғорат мезанад дар мулки тақво рӯи ту.

Чун ба ҳар ваҷҳе бихоҳад рафт ҷон аз дасти мо,
Хубтар ваҷҳе бибояд ҷустан, авло рӯи ту.

Чашмам аз зорӣ чу Фарҳод асту Ширин лаъли ту,
Ақлам аз шӯриш чу Маҷнун асту Лайло рӯи ту.

Мулки зебоӣ мусаллам гашт фармони туро,
То чунин хатте музаввар кард иншо рӯи ту.

Доштанд асҳоби хилват ҳарфҳо бар ман зи бад,
То таҷаллӣ кард дар бозори тақво рӯи ту.

Хурда бар Саъдӣ магир, эй ҷон, ки коре хурд нест
Сӯхтан дар ишқу он гаҳ сохтан бе рӯи ту.

¹ Беравнақ, афтода.
² Кӯр.

Саъдии Шерозӣ 486. Он сарви ноз бин, ки чӣ хуш меравад ба роҳ
Саъдии Шерозӣ 487. Панҷа бо соъиди симин, ки наяндозӣ, беҳ
Саъдии Шерозӣ 488. Эй рухи чун оина афрӯхта
Саъдии Шерозӣ 489. Эй боғи ҳусн чун ту ниҳоле наёфта
Саъдии Шерозӣ 490. Сармаст буте латифи сода
Саъдии Шерозӣ 491. Эй ёри ҷафокардаи пайвандбурида
Саъдии Шерозӣ 492. Мебарзанад зи машриқ шамъи фалак забона
Саъдии Шерозӣ 493. Хилофи сарвро рӯзе хиромон сӯи бустон ой
Саъдии Шерозӣ 494. Қимати гул биравад, чун ту ба гулзор оӣ
Саъдии Шерозӣ 495. Хуррам он рӯз, ки чун гул ба чаман боз оӣ
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР