Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.

Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи лаъл аст,
Ки зад бар чархи фирӯза сафири «Тахти фирӯзӣ»*.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам биафшонӣ,
Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.

Чу имкони хулуд, эй дил, дар ин фирӯзаайвон нест,
Маҷоли айшу фурсат дон ба фирӯзию беҳрӯзӣ.

Тариқи комбахшӣ чист? Тарки коми худ кардан,
Кулоҳи сарварӣ он аст, к-аз ин тарк бардӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Надонам, навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист,
Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ?

Майе дорам чу ҷон софию сӯфӣ мекунад айбаш,
Худоё, ҳеч оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ!

Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, эй шамъ,
Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ в-агар сӯзӣ.

Ба уҷби илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,
Биё, соқӣ, ки ҷоҳилро ҳанитар мерасад рӯзӣ.

Май андар маҷлиси Осаф ба Наврӯзи Ҷалолӣ нӯш,
Ки бахшад ҷуръаи ҷомаш ҷаҳонро сози наврӯзӣ.

На Ҳофиз мекунад танҳо дуои Хоҷа Туроншоҳ,
Зи мадҳи Осафе хоҳад ҷаҳон идию наврӯзӣ.

Ҷанобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида,
Ҷабинаш субҳхезонрост рӯзи фатҳу фирӯзӣ.