GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 495. Хуррам он рӯз, ки чун гул ба чаман боз оӣ

Хуррам он рӯз, ки чун гул ба чаман боз оӣ,
Ё ба бустон ба дари ҳуҷраи ман боз оӣ.

Гулбуни айши ман он рӯз шукуфтан гирад,
Ки ту чун сарви хиромон ба чаман боз оӣ.

Шамъи ман, рӯз наёмад, ки шабам бифрӯзӣ?
Ҷони ман, вақт наёмад, ки ба тан боз оӣ?

Оби талх аст мудомам чу суроҳӣ дар ҳалқ,
То ту як рӯз чу соғар ба даҳан боз оӣ.

Кай ба дидори ман, эй меҳргусил, бархезӣ?
Кай ба гуфтори ман, эй аҳдшикан, боз оӣ?

Мурғи сер омадаӣ аз қафаси суҳбату ман
Доми зорӣ биниҳам, бу, ки ба ман боз оӣ.

Ман худ он бахт надорам, ки ба ту пайвандам,
На, ту он лутф надорӣ, ки ба ман боз оӣ.

Саъдӣ он дев набошад, ки ба афсун биравад,
Ҳечат афтад, ки чу мардум ба сухан боз оӣ?

Саъдии Шерозӣ 496. То каям интизор фармоӣ?
Саъдии Шерозӣ 497. Ту аз ҳар дар ки боз оӣ ба ин хубию зебоӣ
Саъдии Шерозӣ 498. Ту бо ин лутфи табъу дилрабоӣ
Саъдии Шерозӣ 499. Ту паризода, надонам, зи куҷо меоӣ
Саъдии Шерозӣ 500. Чӣ рӯй аст он, ки дидораш бибурд аз ман шишебоӣ
Саъдии Шерозӣ 501. Хабарат харобтар кард ҷароҳати ҷудоӣ
Саъдии Шерозӣ 502. Даричае зи биҳишташ ба рӯй бикшоӣ
Саъдии Шерозӣ 503. Даричае зи биҳишташ ба рӯй бикшоӣ
Саъдии Шерозӣ 504. Муштоқи туам бо ҳама ҷаврею ҷафое
Саъдии Шерозӣ 505. Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР