Аҳмадуллоҳа, ало муъдалати-с-султонӣ

Аҳмадуллоҳа, ало муъдалати-с-султонӣ,
Аҳмади Шайх-Увайси Ҳасани Элхонӣ.

Хони бин хону шаҳаншоҳи шаҳаншоҳнажод,
Он ки мезабад, агар ҷони ҷаҳонаш хонӣ.

Дида нодида ба иқболи ту имон овард,
Марҳабо, эй ба чунин лутфи Худо арзонӣ!

Моҳ агар бе ту барояд, ба ду нимаш бизананд
Давлати аҳмадию муъҷизаи субҳонӣ.

Ҷилваи бахти ту дил мебарад аз шоҳу гадо,
Чашми бад дур, ки ҳам ҷонию ҳам ҷононӣ.

Баршикан кокули туркона, ки дар толеъи туст
Бахшишу кӯшиши қоонию чингизхонӣ.

Гарчи дурем, ба ёди ту қадаҳ мегирем,
Буъди манзил набувад дар сафари рӯҳонӣ.

Аз гули порсиям ғунчаи айше нашукуфт,
Ҳаббазо Даҷлаи Бағдоду майи райҳонӣ.

Сари ошиқ, ки на хоки дари маъшуқ бувад,
Кай халосаш бувад аз меҳнату саргардонӣ?!

Эй насими саҳарӣ, хоки дари ёр биёр,
То кунад Ҳофиз аз ӯ дидаи дил нуронӣ.