GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 508. Ҳама чашмем, то бурун оӣ

Ҳама чашмем, то бурун оӣ,
Ҳама гӯшем, то чӣ фармоӣ.

Ту на он суратӣ, ки бе рӯят
Мутасаввар шавад шикебоӣ.

Ман зи дасти ту хештан бикушам,
То ту дасте ба хун наёлоӣ.

Гуфта будӣ қиёматам бинанд,
Ин гурӯҳе муҳибби савдоӣ.

В-инчунин рӯи дилситон, ки турост
Худ қиёмат бувад, ки бинмоӣ.

Мо тамошокунони кӯтаҳдаст,
Ту дарахти баландболоӣ.

Сари мо в-остони хидмати ту,
Гар биронӣ, в-агар бибахшоӣ.

Ҷон ба шукрона додан аз ман хоҳ,
Гар ба инсоф бо миён оӣ.

Ақл бояд, ки бо салобати ишқ
Накунад панҷаи тавоноӣ.

Ту чӣ донӣ, ки бар ту нагзаштаст
Шаби ҳиҷрону рӯзи танҳоӣ?

Равшанат гардад ин ҳадис чу рӯз,
Гар чу Саъдӣ шабе бипаймоӣ.

Саъдии Шерозӣ 509. Эй валвалаи ишқи ту бар ҳар сари кӯе
Саъдии Шерозӣ 510. Эй хаста дилам дар хами чавгони ту гӯе
Саъдии Шерозӣ 511. Чӣ ҷурм рафт, ки бо мо сухан намегӯӣ?
Саъдии Шерозӣ 512. Кадом кас ба ту монад, ки гӯямат, ки чун ӯӣ?
Саъдии Шерозӣ 513. Эй ки шамшери ҷафо бар сари мо охтаӣ
Саъдии Шерозӣ 514. Эй ки зи дида ғоибӣ, дар дили мо нишастаӣ
Саъдии Шерозӣ 515. Ҳинност, он ки нохуни дилбанд риштаӣ
Саъдии Шерозӣ 516. Эй суратат зи гавҳари маънӣ хазинае
Саъдии Шерозӣ 517. Эй ҳусни хат аз дафтари ахлоқи ту бобе
Саъдии Шерозӣ 518. Ту хуни халқ бирезию рӯй бартобӣ
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР