Нӯш кун ҷоми шароби якманӣ

Нӯш кун ҷоми шароби якманӣ,
То бад-он бехи ғам аз дил барканӣ.

Дил гушода дор чун ҷоми шароб,
Сар гирифта чанд чун хумми данӣ?

Чун зи ҷоми бехудӣ ратле кашӣ,
Кам занӣ аз хештан лофи манӣ.

Сангсон шав дар қадам, не ҳамчу абр,
Ҷумла рангомезию тардоманӣ.

Дил ба май дарбанд, то мардонавор
Гардани солусу тақво бишканӣ.

Хезу ҷаҳде кун чу Ҳофиз, то магар
Хештан дар пойи маъшуқ афканӣ.