Ба чашм кардаам абрӯйи моҳсимое

Ба чашм кардаам абрӯйи моҳсимое,
Хаёли сарвқаде нақш бастаам ҷое.

Умед ҳаст, ки маншури ишқбозии ман
Аз он камончаи абрӯ расад ба туғрое.

Сарам зи даст бишуд,чашм аз интизор бисӯхт
Дар орзуйи сару чашми маҷлисорое.

Муқаддар аст дил, оташ ба хирқа хоҳам зад,
Биё, бибин, ки киро мекунад тамошое.

Ба рӯзе воқеъа тобути мо зи сарв кунед,
Ки меравем ба доғи баландболое.

Зимоми дил ба касе додаам мани дарвеш,
Ки несташ ба кас аз тоҷу тахт парвое.

Дар он мақом, ки хубон зи ғамза теғ зананд,
Аҷаб мадор саре уфтода дар пое.

Маро, ки аз рухи ӯ моҳ дар шабистон аст,
Куҷо бувад ба фурӯғи ситора парвое?

Фироқу васл чӣ бошад? Ризои дӯст талаб,
Ки ҳайф бошад аз ӯ ғайри ӯ таманное.

Дурар зи шавқ бароранд моҳиён ба нисор,
Агар сафинаи Ҳофиз расад ба дарёе.