Ҳофизи Шерозӣ

24. Чашми ту, ки сеҳри Бобул аст устодаш

Чашми ту, ки сеҳри Бобул аст устодаш,
Ё раб, ки фусунҳо биравод аз ёдаш!
Он гӯш, ки ҳалқа кард дар гӯши ҷамол,
Овезаи дур зи назми Ҳофиз бодаш!