Гоҳ дар дил соз, гаҳ дар дида ҷо

Гоҳ дар дил соз, гаҳ дар дида ҷо,
Ҳар ду ҷойи туст, ё бадр-уд-дуҷо.¹

Тӯбӣ омад қадди ту вақти хиром,
Гар хиромад сӯйи мо, Тӯбӣ лано.²

То ба ҳар чашме зи роҳат сурма бурд,
Чашми ман дорад ғуборе аз сабо.

Ман нагӯям бандаи хешам шумор,
Нест ҳукме бандаро бар подшо.

Хоҳам аз дил баркашам пайкони ту,
Лекин аз дил барнамеояд маро.

Парда бикшо, чун намудӣ он ду зулф,
То рухат бинем баъд аз умрҳо.

Гар сари Ҷомӣ ҷудо созӣ ба теғ,
Беҳ, ки созӣ з-остони худ ҷудо.


¹ Бадр-уд-дуҷо – моҳи чаҳордаҳрӯза.
² Тӯбӣ лано – Тӯбӣ аз они мо.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»