Ай бурда рухат равнақи гулҳову суманҳо

Ай бурда рухат равнақи гулҳову суманҳо,
Дорад даҳани танги ту дар ғунча суханҳо.

Гар сарв на бо қадди ту монад, натавон бурд
Чун об ба занҷир маро сӯйи чаманҳо.

Саҳрои адам лоласитон шуд, чу шаҳидон
Бо доғи ту рафтанд ба хун ғарқа кафанҳо.

Гуфта-ст ба ҳар ғунча сабо лутфи даҳонат,
Монда-ст зи ҳайрат ҳамаро боз даҳанҳо.

Мушкил, ки бувад рӯйи халосӣ дили моро,
Аз зулфи ту бо ин ҳама хамҳову шиканҳо.

Бо лаззати оворагии водии ишқат
Ғурбатзадагонро нашавад майли ватанҳо.

Чун хома, ба васфи хати мушки ту фурӯ монд,
Ҷомӣ, ки шуд ангуштнамо дар ҳама фанҳо.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»