Саъдии Шерозӣ

539. Нигоро, вақти он омад, ки дил бо меҳр пайвандӣ

Нигоро, вақти он омад, ки дил бо меҳр пайвандӣ,
Ки моро беш аз ин тоқат намондаст орзумандӣ.

Ғариб аз хӯи матбӯъат, ки рӯй аз бандагон пӯшӣ,
Бадеъ аз табъи мавзунат, ки дар бар дӯстон бандӣ.

Ту хурсанду шикебоӣ, чунинат дар хаёл ояд,
Ки моро ҳамчунин бошад шикебоию хурсандӣ.

Нагуфтӣ, бевафо ёро, ки аз мо нагсилӣ ҳаргиз?
Магар дар дил чунин будат, ки худ бо мо напайвандӣ?

Зиҳӣ осоишу раҳмат назарро, к-иш ту манзурӣ,
Зиҳӣ бахшоишу давлат падарро, к-иш ту фарзандӣ.

Шикор он гаҳ тавон куштан, ки муҳкам дар каманд ояд,
Чу бехи меҳр биншондам, дарахти васл баркандӣ.

Намудӣ чанд бор аз худ, ки ҳофизаҳдупаймонам¹,
Кунунат боз донистам, ки ноқизаҳдусавгандӣ.

Маро з-ин пеш дар хилват фароғат буду ҷамъийят,
Ту дар ҷамъ омадӣ ногоҳу маҷмӯъон парокандӣ.

Гарат ҷон дар қадам резам, ҳанӯзат узр мехоҳам,
Ки аз ман хидмате н-ояд, чунон лоиқ, ки бипсандӣ.

Туруш биншину тезӣ кун, ки моро талх нанмояд,
Чӣ мегӯӣ чунин ширин, ки шӯре дар ман афкандӣ?

Шикоят гуфтани Саъдӣ магар бод аст наздикат,
Ки ӯ чун раъд менолад, ту ҳамчун барқ механдӣ?!

¹ Нигоҳдорандаи паймон.