GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 540. Хилофи шарти муҳаббат чӣ маслиҳат дидӣ

Хилофи шарти муҳаббат чӣ маслиҳат дидӣ,
Ки баргузаштию аз дӯстон напурсидӣ?

Гирифтамат, ки наёмад зи рӯи халқ озарм,
Ки бегунаҳ бикушӣ, аз Худо натарсидӣ?

Бипӯш рӯи нигорину мӯи мушкинро,
Ки ҳусни талъати хуршедро бипӯшидӣ.

Ҳазор бедили муштоқро ба ҳасрати он,
Ки лаб ба лаб бирасад, ҷон ба ҷон расонидӣ.

Маҳаллу қимати хеш он замон бидонистам,
Ки баргузаштию моро ба ҳеч нахридӣ.

Ҳазор бор бигуфтему ҳеч дар нагирифт,
Ки гирди ишқ магард, эй фақиру гардидӣ.

Туро маломати риндону ошиқон, Саъдӣ,
Дигар ҳалол набошад, ки худ билағзидӣ.

Ба теғ мезаду мерафту боз менигарист,
Ки тарки ишқ нагуфтӣ, сазои худ дидӣ.

Саъдии Шерозӣ 541. Магар дигар сухани душманон ниюшидӣ
Саъдии Шерозӣ 542. Охир, нигоҳе боз кун, вақте ки бар мо бигзарӣ
Саъдии Шерозӣ 543. Эй барқ, агар ба гӯшаи он бом бигзарӣ
Саъдии Шерозӣ 544. Эй ки бар дӯстон ҳамегузарӣ
Саъдии Шерозӣ 545. Бахти оина надорам, ки дар ӯ менигарӣ
Саъдии Шерозӣ 546. Ҷавр бар ман меписандад дилбаре
Саъдии Шерозӣ 547. Хонаи соҳибназарон мебарӣ
Саъдии Шерозӣ 548. Донӣ, чӣ гуфт маро он булбули саҳарӣ?
Саъдии Шерозӣ 549. Донамат, остин чаро пеши ҷамол мебарӣ
Саъдии Шерозӣ 550. Дидам имрӯз бар замин қамаре
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР