GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 553. Сарви бустонӣ ту ё маҳ, ё парӣ

Сарви бустонӣ ту ё маҳ, ё парӣ,
Ё малак, ё дафтари суратгарӣ?

Рафтане дорию сеҳре мекунӣ,
К-андар он оҷиз бимонад Сомирӣ.

Ҳар кӣ як бораш гузаштӣ дар назар,
Дар дилаш сад бори дигар бигзарӣ.

Меравӣ, в-андар паят дил меравад,
Боз меоию ҷон мепарварӣ.

Гар ту, шоҳид, бо миён оӣ чу шамъ,
Маблағе парвонаҳо гирд оварӣ.

Чанд хоҳӣ рӯй пинҳон доштан?
Парда мепӯшию бар мо медарӣ.

Рӯзе, охир, дар миёни мардум ой,
То бибинад, ҳар кӣ мебинад парӣ.

Офтоб аз манзар афтад дар равоқ,
Чун туро бинад бад-ин хушманзарӣ.

Ҷону хотир бо ту дорам рӯзу шаб,
Нақш бар дил, ном бар ангуштарӣ.

Саъдӣ аз гармӣ бихоҳад сӯхтан,
Баски ту ширинӣ аз ҳад мебарӣ.

Саъдии Шерозӣ 554. Кас дарнаёмадаст бад-ин хубӣ аз даре
Саъдии Шерозӣ 555. Гар биравад ба ҳар қадам дар раҳи диданат саре
Саъдии Шерозӣ 556. Гар кунам дар сари вафот саре
Саъдии Шерозӣ 557. Ҳаргиз ин сурат кунад суратгаре
Саъдии Шерозӣ 558. Ҳар навбатам ки дар назар, эй моҳ, бигзарӣ
Саъдии Шерозӣ 559. Чун аст ҳоли бустон, эй боди навбаҳорӣ
Саъдии Шерозӣ 560. Хабар аз айш надорад, ки надорад ёре
Саъдии Шерозӣ 561. Хуш бувад ёрею ёре бар канори сабзазоре
Саъдии Шерозӣ 562. Ду чашми масти ту бардошт расми ҳушёрӣ
Саъдии Шерозӣ 563. Умре ба бӯи ёре кардем интизоре
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР