Саъдии Шерозӣ

555. Гар биравад ба ҳар қадам дар раҳи диданат саре

Гар биравад ба ҳар қадам дар раҳи диданат саре,
Ман на ҳарифи рафтанам аз дари ту ба ҳар даре.

То накунад вафои ту дар дили ман тағайюре,
Чашм намекунам ба худ, то чӣ расад ба дигаре.

Худ набувад, в-агар бувад то ба қиёмат Озаре,
Бут накунад ба некуӣ чун ту бадеъпайкаре.

Сарви равон надидаам, ҷуз ту ба ҳеч кишваре,
Ҳам нашунидаам, ки зод аз падарею модаре.

Гар ба канори осмон чун ту барояд ахтаре,
Рӯй бипӯшад офтоб аз назараш ба миъҷаре.

Ҳоҷати гӯшу гарданат нест ба зарру зеваре,
Ё ба хизобу сурмае, ё ба абиру анбаре.

Тоби вағо¹ наёварад қуввати ҳеч сафдаре²,
Гар ту бад-ин мушоҳадат ҳамла барӣ ба лашкаре.

Бастаӣ аз ҷаҳониён бар дили танги ман даре,
То накунам ба ҳеч кас гӯшаи чашм хотире.

Гарчи ту беҳтарию ман аз ҳама халқ камтаре,
Шояд, агар назар кунад муҳташаме ба чокаре.

Бок мадор, Саъдиё, гар ба фидо равад саре,
Ҳар кӣ ба муъзамӣ расад, тарк диҳад муҳаққарӣ.

¹ Корзор, набард.
² Шуҷоъ, сафшикан.