Саъдии Шерозӣ

557. Ҳаргиз ин сурат кунад суратгаре

Ҳаргиз ин сурат кунад суратгаре,
Ё чунин шоҳид бувад дар кишваре?

Сарврафторе, санавбарқомате,
Моҳрухсоре, малоикманзаре.

Меравад в-аз хештанбинӣ, ки ҳаст,
Дарнамеояд ба чашмаш дигаре.

Сад ҳазораш дасти хотир дар рикоб,
Подшоҳе меравад бо лашкаре.

Оразаш боғе, даҳонаш ғунчае,
Бал биҳиште, дар миёнаш Кавсаре.

Моҳрӯё, меҳрбонӣ пеша кун,
Хубрӯиро бибояд зеваре.

Бе ту дар ҳар гӯша пое дар гил аст,
В-аз ту дар ҳар хона дасте бар саре.

Чун ҳумоям сояе бар сар фикан,
То дар иқболат шавам некахтаре.

Дар худовандӣ чӣ нуқсон оядаш,
Гар худованде бипурсад чокаре?

Маслиҳат будӣ шикоят гуфтанат,
Гар ба ғайр аз хасм будӣ доваре.

Саъдиё, доруи талх аз дасти дӯст
Беҳ, ки ширинӣ зи дасти дигаре.

Хоке аз мардум бимонад дар ҷаҳон,
В-аз вуҷуди ошиқон хокистаре.