Саъдии Шерозӣ

558. Ҳар навбатам ки дар назар, эй моҳ, бигзарӣ

Ҳар навбатам ки дар назар, эй моҳ, бигзарӣ,
Бори дувум зи бори нахустин накӯтарӣ.

Инсоф медиҳам, ки латифону дилбарон
Бисёр дидаам, на бад-ин лутфу дилбарӣ.

Зуннор буд, ҳар чӣ ҳама умр доштам,
Илло камар, ки пеши ту бастам ба чокарӣ.

Аз шарми чун ту одамиён дар миёни халқ
Инсоф медиҳад, ки ниҳон мешавад парӣ.

Шамшери ихтиёри туро сар ниҳодаам,
Донам, ки гар танам бикушӣ, ҷон бипарварӣ.

Ҷуз суратат дар оина касро намерасад
Бо сурати бадеъи ту кардан баробарӣ.

Эй муддаъӣ, гар он чи маро шуд, туро шавад,
Бар ҳоли ман бибахшию ҳолат биёварӣ¹.

Сайд уфтоду пои мусофир ба гил бимонд,
Ҳеч афтадат, ки бар сари афтода бигзарӣ?

Сабре ки буд мояи Саъдӣ, дигар намонд,
Сахтӣ макун, ки киса бипардохт муштарӣ.

¹ Раҳм кунӣ.