Саъдии Шерозӣ

559. Чун аст ҳоли бустон, эй боди навбаҳорӣ

Чун аст ҳоли бустон, эй боди навбаҳорӣ,
К-аз булбулон баромад фарёди беқарорӣ?!

Эй ганҷи нӯшдору, бо хастагон нигаҳ кун,
Марҳам ба дасту моро маҷрӯҳ мегузорӣ.

Ё хилвате баровар, ё бурқаъе фурӯ ҳил,
В-арна, ба шакли ширин шӯр аз ҷаҳон барорӣ.

Ҳар соат аз латифӣ рӯят арақ барорад,
Чун бар шукуфа ояд борони навбаҳорӣ.

Уд аст зери доман ё гул дар остинат,
Ё мушк дар гиребон, бинмой, то чӣ дорӣ?

Гул нисбате надорад бо рӯи дилфиребат,
Ту дар миёни гулҳо чун гул миёни хорӣ.

Вақте каманди зулфат, дигар каманди абрӯ,
Ин мекашад ба зӯрам, в-он мекушад ба зорӣ.

В-ар қайд мекушоӣ, ваҳшӣ намегурезад,
Дар банди хубрӯён хуштар, ки растгорӣ.

З-аввал вафо намудӣ, чандон ки дил рабудӣ,
Чун меҳр сахт кардам, суст омадӣ ба ёрӣ.

Умре дигар бибояд баъд аз фироқ моро,
К-ин умр сарф кардем андар умедворӣ.

Тарсам, намози сӯфӣ бо суҳбати хаёлат
Ботил бувад, ки сурат бар қибла менигорӣ.

Ҳар дардро ки бинӣ, дармону чорае ҳаст,
Дармони дарди Саъдӣ бо дӯст созгорӣ.