Саъдии Шерозӣ

560. Хабар аз айш надорад, ки надорад ёре

Хабар аз айш надорад, ки надорад ёре,
Дил нахоҳанд, ки сайдаш накунад дилдоре.

Ҷон ба дидори ту як рӯз фидо хоҳам кард,
То дигар бар накунам дида ба ҳар дидоре.

Яъламуллаҳ, ки ман аз дасти ғамат ҷон набарам,
Ту, беҳ аз ман, батар аз ман бикушӣ бисёре.

Ғами ишқ омаду ғамҳои дигар пок бибурд,
Сӯзане бояд, к-аз пой барорад хоре.

Май ҳаром аст, валекин ту бад-ин наргиси маст
Нагузорӣ, ки зи пешат биравад ҳушёре.

Меравам хурраму хандону нигаҳ менакунӣ,
Ки нигаҳ мекунад аз ҳар тарафат ғамхоре.

Хабарат ҳаст, ки халқе зи ғамат бехабаранд?
Ҳоли афтода надонад, ки наяфтад боре.

Сарви озод ба болои ту мемонад, рост,
Лекинаш бо ту муяссар нашавад рафторе.

Менамояд, ки сари арбада дорад чашмат,
Маст хобаш набарад, то накунад озоре.

Саъдиё, дӯст набинию ба васлаш нарасӣ,
Магар он вақт, ки худро наниҳӣ миқдоре.