Хубон ҳазору аз ҳама мақсуди ман якест

Хубон ҳазору аз ҳама мақсуди ман якест,
Садпора гар кунанд ба теғам, сухан якест.

Хуш маҷмаест анҷумани некувон, вале
Моҳе, к-аз ӯст, равнақи он анҷуман якест.

Хоҳем баҳри ҳар қадамаш туҳфае дигар,
Лекин муқассирем, ки ҷон дар бадан якест.

Гаштам чунон заиф, ки бенолаву фиғон
Зоҳир намешавад, ки дар ин пераҳан якест.

Он ҷо, ки лаъли дилкаши Ширин диҳад фурӯғ,
Ёқуту санг дар назари Куҳкан якест.

Номусу номи мо ту шикастӣ, на некувон,
Оре, зи сад Халил ҳамин бутшикан якест.

Ҷомӣ дар ин чаман даҳан аз гуфтугӯ бибанд,
К-ин ҷо навои булбулу савти заған якест.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»