Ваҳ, ки боз аз кафи ман гавҳари мақсуд бирафт

Ваҳ, ки боз аз кафи ман гавҳари мақсуд бирафт,
Ёри деромада аз пеши назар зуд бирафт.

Тан, ки озурдаи теғи ситамаш буд, намонд,
Ҷон, ки овезаи банди камараш буд, бирафт.

Ваъда мекард, ки дигар наравам роҳи фироқ,
То чӣ кардам, ки на бар мӯҷиби мавъуд¹ бирафт.

Дил, ки аз хун рухам андуд², бар ӯ гӯ, ки хушам,
Ки ба бозори ғам он қалби зарандуд бирафт.

Буд хушнудияш он к-аз ғами ӯ ҷон бидиҳам,
Лиллаҳилҳамд, к-аз ин ғамзада хушнуд бирафт.

Хабари фурқати ӯ доду шуд овора рақиб,
Зад ба вайронаи мо оташу чун дуд бирафт.

Ҷигарӣ шуд рухи Ҷомӣ зи ғамаш, коҳе буд,
Бас, к-аш аз дида сиришки ҷигаролуд бирафт.


¹ Мавъуд – ваъдагӣ, ваъдадодашуда.
² Андудан – андова кардан.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»