Партави шамъи рухат акс бар афлок андохт

Партави шамъи рухат акс бар афлок андохт,
Қурси хуршед шуду соя бар ин хок андохт.

Барқе аз шаъшааи талъати рахшони ту ҷаст,
Шуъла дар хирмани муште хасу хошок андохт.

Хуш бирон Рахш, ки ишқат фалаки саркашро
Тавқ дар гардан аз он ҳалқаи фитрок андохт.

Завқи мастони сабӯҳизадаи базми ту дид,
Субҳ дар атласи пирӯзаи худ чок андохт.

Мехиромидию арвоҳи қудус¹ мегуфтанд:
– Эй хуш он пок, ки сар дар раҳи ин пок андохт.

Тӯтии нотиқаро сирри хату орази ту
Занги ташвир² дар ойинаи идрок андохт.

Ҷомӣ аҳлияти андешаи ишқи ту надошт,
Ҳимматаш рахт дар ин мавҷи хатарнок андохт.


¹ Қудус – ҷамъи қудс, покон.
² Ташвир – шармандагӣ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»