Дил, ки рӯзе чанд бо дидори хубон хӯ гирифт

Дил, ки рӯзе чанд бо дидори хубон хӯ гирифт,
Умрҳо ҷон канд, то бо дарди ҳиҷрон хӯ гирифт.

Нест майли базми васл аз кулбаи ҳаҷрам, ки чуғз
Кам равад сӯйи иморат, чун ба вайрон хӯ гирифт.

Ёди марҳам бар дили ман сахт меояд чу тир,
То аз он абрӯкамон бо захми пайкон хӯ гирифт.

Қоматам чавгон, сарам гӯест дар майдони ишқ,
То савори шӯхи ман бо гӯю чавгон хӯ гирифт.

Бе рухи Лайлӣ махон Маҷнуни ҳайронро ба ҳай,¹
З-он ки он саргашта бо кӯҳу биёбон хӯ гирифт.

Ғарқа дар хуни дилам, аз чашми намнокам чӣ бок,
Фикри борон кай кунад он к-ӯ ба тӯфон хӯ гирифт!

Ҳамчу Ҷомӣ дарди сар бинад зи болини ҳарир,
Ҳар киро сар бар дарат бо санги дарбон хӯ гирифт.


¹ Ҳай – қабила, деҳ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»