Абри найсон соябон бар торуми гардун зада-ст

Абри найсон соябон бар торуми гардун зада-ст,
Лола чатри лаъл бар фарши зумуррадгун зада-ст.

Шоҳиди раъност лола, карда гулгун пераҳан
Ё дами қатли муҳиббон доман андар хун зада-ст.

Не, хато гуфтам, зи зери хок баъд аз муддате
Оташи доғи шаҳидонаш алам берун зада-ст.

Карда ёқутитабақҳоро зи дурри ноб пур,
Гӯиё Заҳҳок гил бар ганҷи Афредун зада-ст.

Бар ҳарири нилгуни об ҳайронам, ки бод
Сад ҳазорон ожида¹ бе дасту сӯзан чун зада-ст.

Гарчи акси сабза бар ҷӯ занг дар ойина аст,
Занги ғамро сайқал аз сад хотири маҳзун зада-ст.

Чун расад бар лола жола, оядам з-он санг ёд,
К-аз такаллуф Лайлияш бар косаи Маҷнун зада-ст.

Баҳри тоби хур фиганд имрӯз бар сарҳои шох,
Шаб шукуфа чодаре, к-аз қурси маҳ собун зада-ст.

Гуфтаи Ҷомӣ бувад санҷида дар мизони лутф,
Ҳосид ар таъне зада-ст, аз табъи номавзун зада-ст.


¹ Ожида – чин, шикан.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»