Турки гулчеҳраи ман хайма ба саҳро задааст

Турки гулчеҳраи ман хайма ба саҳро задааст,
Дар дили лола рухаш оташи савдо задааст.

Шуд чунон пояи оҳи ман аз он моҳ баланд,
Ки саропарда бар ин торуми мино задааст.

Баҳри қатли кӣ камар баст, надонам, ки маро
Мекушад гӯшаи домон-ш, ки боло задааст.

Ҷонам осуда зи бӯсидани хоки қадамаш,
Хуррам он кас, ки гаҳе бӯса бар он по задааст.

Ҳар ғаме, к–аз санаме хастадиле хӯрд фурӯ,
Ҳама сар аз дилу ҷони мани шайдо задааст.

Медиҳад хоки раҳаш хосияти Оби Ҳаёт,
Баски ҳар нӯшлабе бӯса бар он ҷо задааст.

Ҷомӣ афтода зи по зери лагадкӯби ҷафо,
То ба фитроки буте дасти таманно задааст.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»