Дӯш бар ёди ту чашмам дам ба дам хун мегирист

Дӯш бар ёди ту чашмам дам ба дам хун мегирист,
Сӯзи ман медид шамъу аз ман афзун мегирист.

Гиряи талхи суроҳӣ низ бечизе набуд,
Ғолибан, аз шавқи он лабҳои майгун мегирист.

Субҳдам, ё Раб, кавокиб¹ буд резон аз сипеҳр,
Ё на бар дарди дили ман чашми гардун мегирист.

Чун фузун гардид дарди ман, бурид аз ман умед
В-арна бемуҷиб чаро ҳангоми афсун мегирист?

Он на борон буд гирди кӯйи Лайлӣ ҳар баҳор,
Рӯзгори сангдил бар ҳоли Маҷнун мегирист.

В-он равон то манзили Ширин на ҷӯйи шир буд,
Балки бар Фарҳоди мискин кӯҳу ҳомун мегирист.

Шуд чунон, Ҷомӣ заиф аз меҳнати ҳиҷрон, ки дӯш
Сели ашк аз хона мебурдаш бурун, чун мегирист!


¹ Кавокиб – ҷамъи кавкаб, ситораҳо

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»