Дардо, ки ёр ҷониби моро нигаҳ надошт

Дардо, ки ёр ҷониби моро нигаҳ надошт,
Ойини меҳру расми вафоро нигаҳ надошт!

Шуд хоки пой дар раҳи ӯ сад худошинос,
Фориғ гузашту роҳи Худоро нигаҳ надошт.

Чашми ҳаводисаш марасод, арчи ғамзааш
Аз синаам хаданги ҷафоро нигаҳ надошт.

Дар ҳайратам зи бод, ки дар чашми мардумон
Чун сурма хоки он кафи поро нигаҳ надошт?!

Сӯфӣ сафои дил ба ғами ғайр тира сохт,
Ойинаи худойнаморо нигаҳ надошт!

Ҳар ҷо, ки шуд муқими дарат, ҳурмате наёфт,
Чун дар сафи сагони ту ҷоро нигаҳ надошт.

Ҷомӣ пас аз дуои висолат зи ҳаҷр сӯхт,
Афсӯс аз ин дуо, ки балоро нигаҳ надошт!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»