Саъдии Шерозӣ

581. Ҳамезанам нафасе сард бар умеди касе

Ҳамезанам нафасе сард бар умеди касе,
Ки ёд н-оварад аз ман ба солҳо нафасе.

Ба чашми раҳм ба рӯям назар ҳаме накунад,
Ба дасти ҷавру ҷафо гӯшмол дода басе.

Дилам бибурду ба ҷон зинҳор менадиҳад,
Касе ба шаҳри шумо ин кунад ба ҷои касе?

Ба ҳар чӣ дарнигарам, нақши рӯи ӯ бинам,
Кӣ дида дар ҳама олам бад-ин сифат ҳавасе?

Ба дасти ишқ чи шери сияҳ, чи мӯрчае,
Ба доми ҳаҷр чи бози сафед, чи магасе.

Аҷаб мадор зи ман рӯи зарду нолаи зор,
Ки кӯҳ коҳ шавад, гар барад ҷафои хасе.

Бар остони висолат ниҳода сар Саъдӣ,
Бар остони хаёлат набуда дастрасе.