Сари зулфат, ки ҳаст аз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ

Сари зулфат, ки ҳаст аз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ,
Бар он рухсору ораз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Хаёли қомату меҳроби абрӯи ту мебандад,
Ки мехонад имом аврод¹ гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Чу дар мастӣ хиромӣ, қаддат аз хосияти бода
Шавад чун шохи гул аз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Дар он болову зулф аз боғбони сунъ ҳайронам,
Ки чун мепарварад шамшод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Рақиби каҷниҳодат бод хуррам ростӣ, к-орад
Ба ошиқ муждаи бедод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Намози ман ниёз омад, чӣ ҳосил з-он ки дар масҷид
Шавам бар одати зуҳҳод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Хаёли қадду зулфат баст Ҷомӣ дар сухан, з-он рӯ
Радифи шеъри ӯ афтод гоҳе рост, гоҳе каҷ.


¹ Аврод – ҷамъи вирд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»