Аз ёри куҳан намекунӣ ёд

Аз ёри куҳан намекунӣ ёд,
Ин пешаи нав муборакат бод!

Фарёди касе намекунӣ гӯш,
Пеши кӣ кунем аз ту фарёд?

Бо давлати бандагӣ-т ҳастем,
Аз хоҷагии ду олам озод.

Шояд, ки туро фаришта хонанд,
К-ин лутф надорад одамизод.

Он сӯхта ёфт лаззати ишқ,
К-аз васл нишон надиду ҷон дод.

Аз шаккари ҷонфизои Ширин,
Парвиз наёфт завқи Фарҳод.

Мурғи чамани вафост Ҷомӣ,
Дар доми ғаму бало чӣ афтод!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»