GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 584. Ҳаргиз он дил бинамирад, ки ту ҷонаш бошӣ

Ҳаргиз он дил бинамирад, ки ту ҷонаш бошӣ,
Некбахт он ки ту дар ҳар ду ҷаҳонаш бошӣ.

Ғаму андеша дар он доира ҳаргиз наравад,
Ба ҳақиқат, ки ту чун нуқта миёнаш бошӣ.

Ҳаргизаш боди сабо барг парешон накунад,
Бӯстоне ки чу ту сарви равонаш бошӣ.

Ҳама олам нигарон, то назари бахти баланд
Бар кӣ афтад, ки ту як дам нигаронаш бошӣ.

Ташнагонат ба лаб, эй чашмаи ҳайвон, мурданд,
Ташнатар он ки ту наздики даҳонаш бошӣ.

Гар тавон буд, ки даври фалак аз сар гиранд,
Ту дигар нодираи даври замонаш бошӣ.

Васфат он нест, ки дар ваҳми сухандон гунҷад,
В-ар касе гуфт, магар ҳам ту забонаш бошӣ.

Чун таҳаммул накунад бори фироқи ту касе,
Бо ҳама дарди дил осоиши ҷонаш бошӣ?

Эй ки бе дӯст ба сар менатавонӣ, ки барӣ,
Шояд, ар муҳтамили бори гаронаш бошӣ.

Саъдӣ он рӯз, ки ғавғои қиёмат бошад,
Чашм дорад, ки ту манзури ниҳонаш бошӣ.

Саъдии Шерозӣ 585. Агар ту парда бар ин зулфу рух намепӯшӣ
Саъдии Шерозӣ 586. Ба поён омад ин дафтар, ҳикоят ҳамчунон боқӣ
Саъдии Шерозӣ 587. Ба қалам рост наёяд сифати муштоқӣ
Саъдии Шерозӣ 588. Умрам ба охир омад, ишқам ҳанӯз боқӣ
Саъдии Шерозӣ 589. Дили девонагиям ҳасту сари нобокӣ
Саъдии Шерозӣ 590. Ишқи ҷонон дар ҷаҳон ҳаргиз набудӣ кошкӣ
Саъдии Шерозӣ 591. Сахт зебо меравӣ якборагӣ
Саъдии Шерозӣ 592. Рӯй бипӯш, эй қамари хонагӣ
Саъдии Шерозӣ 593. Басам аз ҳаво гирифтан, ки паре намонду боле
Саъдии Шерозӣ 594. Тараҳҳам зиллатӣ, ё залмаолӣ
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР