Тири ту афтод дур, ҷони ман афгор кард

Тири ту афтод дур, ҷони ман афгор кард,
Дар ҳадаф омад, вале дар дили ман кор кард.

Пеши рухат вақти гул лола шукуфтан нахост,
Сина зад аз шавқ чок, доғи худ изҳор кард.

Абри чаманро зи гул рӯйи ту омад ба ёд,
Наъраи бисёр зад, гиряи бисёр кард.

Меҳр, ки девору дар партави рӯяш гирифт,
Рӯйи туро диду ҷо дар паси девор кард.

Лаъли ту омад Масеҳ, к-аз дами ҷонбахши хеш
Дод шифо ҳар киро, чашми ту бемор кард.

Таъна ба хорӣ мазан, з-он ки азизи ҷаҳон
Будам аз ин пештар, ишқи туам хор кард.

Ҷомӣ аз оғози назм васфи ҷамоли ту гуфт,
Матлаи¹ девони хеш машриқи анвор² кард.


¹ Матлаъ – байти аввали шеър.
² Анвор – ҷамъи нур, нурҳо.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»